Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи мебели ҶДММ «Асри обод»-ро ба истифода доданд

Опубликовано admin - ср, 19/11/2025 - 12:00

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии №1-и шаҳри Истаравшан корхонаи мебели Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Асри ободро бо 8 коргоҳи истеҳсолӣ ба истифода доданд.

Иншоот аз ҷониби соҳибкор Қодир Юсуфзода ба истиқболи сазовор аз ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар масоҳати умумии 0,34 гектар замин бунёд шудааст.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсолии обҳои шифобахши «Хаватаг»-ро ба истифода доданд

Опубликовано admin - ср, 19/11/2025 - 10:20

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсолии обҳои шифобахши «Хаватаг»-ро, ки аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи Осоишгоҳи Хаватаг бунёд ёфтааст, бо таъсиси 20 ҷойи кории нав ба истифода доданд. 

Иншооти мазкур бо саҳми соҳибкори ватанӣ Мухтор Юнусов бунёд ёфтааст.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корхона имконият дорад дар марҳилаи аввал дар як рӯз 20 000 литр оби шифобахш истеҳсол намояд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба таври фосилавӣ 2 муассисаи тандурустӣ, 1 бонк, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 кӯдакистонро мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - ср, 19/11/2025 - 09:40

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 2 муассисаи тандурустӣ, 1 бонк, 4 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 3 кӯдакистонро дар шаҳри Истаравшан мавриди истифода қарор доданд.

Ин 10 иншоот ба рушди таҳсилот, хизматрасониҳои босифати тиббиву бонкӣ заминаи мусоид мегузоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Мафтуна»-ро мавриди истифода қарор доданд

Опубликовано admin - ср, 19/11/2025 - 09:30

ДУШАНБЕ, 19.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Якатоли деҳоти Сабристони шаҳри Истаравшан Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Мафтуна» — ро мавриди истифода қарор доданд.