Ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо бо донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мулоқот намуд
Ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо ба Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ташриф оварда, бо донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Хонум Ҷамила Содот Аламулҳудо бо фаъолияти донишгоҳ, аз ҷумла корҳои амалӣ, ҷараёни гузаронидани ҷарроҳӣ, намоиши китобҳои муштарак шинос шуда, ҳамзамон бо донишҷӯёни донишгоҳ вохӯрӣ намуд.