Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ҳамватанони азиз!
Дирӯз, 14 декабри соли 2022 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси панҷуми моро дар соҳаи об якдилона бо қабули қатъномаи махсуси худ тасдиқ намуд.
Тибқи ин қатънома, аввалан, соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шуд.
Дуввум ин ки, аз оғози соли 2025 минбаъд ҳар сол рӯзи 21 март ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо таҷлил карда мешавад.