Ахбор

ТОҶИКИСТОН — ТАШАББУСКОРИ ҚАТЪНОМАҲОИ ОБИИ МАҶМАИ УМУМИИ СММ. Эҳдо ба Рӯзи умумиҷаҳонии об

Submitted by admin on Fri, 22/03/2024 - 18:17

22 март Рӯзи умумиҷаҳонии об (World Water Day) ҳисобида мешавад.

 

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар изҳороташон дар ҳамоиши якуми давлатҳои Осиё ва уқёнуси Ором гуфта буданд, ки «… равандҳои рушди ҷаҳонӣ чунинанд, ки арзиши об метавонад аз арзиши нафт, газ, ангишт ва дигар захираҳое, ки барои рушди устувори ҳар мамлакат ва минтақа заруранд, боло равад».

 

Сулаймон Талбакзода: «Дарси хештаншиносӣ ва хизмат ба халқу Ватанро аз Пешвои миллат бояд омӯзем»

Submitted by admin on Fri, 22/03/2024 - 18:11

Аз суханронӣ ва таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат ҳар фарди солимфикри ҷомеа неруи тоза мегирад. Зеро дар шароити пуртаззоду печидаи шиддат ёфтани вазъи мураккаби минтақа ва ҷаҳон, авҷ гирифтани рақобат, таҳдидҳои пай дар пайи буҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ, бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат масъалаи ҳифзу тақвияти давлату давлатдории миллӣ аҳамияти хеле муҳим пайдо менамояд.

БАР ЗИДДИ ИФРОТГАРОИВУ ТЕРРОРИЗМ САРҶАМЪОНА МУБОРИЗА БАРЕМ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо намояндагони ҷомеа ва ходимони дин

Submitted by admin on Fri, 22/03/2024 - 18:09

Вақти он расидааст, ки мо бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлубу хатарнок, аз ҷумла ифротгароиву терроризм сарҷамъона мубориза барем ва дар мамлакат волоияти қонунро таъмин намоем. Ин матлаб иқтибос аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат аз 9 марти соли равон аст, ки мақолаи мушовири калони кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Фирӯз Сайнозимзода бо овардани он оғоз гардидааст.

Паёми шодбошии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Наврӯзи соли 2024

Submitted by admin on Wed, 20/03/2024 - 08:21

Ҳамватанони азиз!

 

Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ифтихори фарорасии ҷашни Соли нави аҷдодиамон – Наврӯзи байналмилалӣ ва зеботарин фасли сол – баҳор самимона табрик мегӯям.

 

Моҳияту ҳикмат ва табиати ҷашни Наврӯз ҳамчун рамзи бузургдошти инсон, пайки пирӯзии гармӣ бар сардӣ ва нур бар зулмот, ойини бедории табиат, эҳёи тамоми мавҷудоти олам дар тӯли ҳазорсолаҳо ба мардуми мо чун омили иттиҳоду сарҷамъӣ хизмат кардааст.

 

Дар Лондон аз рӯйи нимпайкараи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ парда бардошта шуд

Submitted by admin on Tue, 19/03/2024 - 08:31

Дар Донишгоҳи SOAS-и шаҳри Лондон аз ҷониби Сафорати Тоҷикистон дар Британия зери унвони «Рӯдакӣ- падари шеъри форсӣ, дарӣ/тоҷик» барномаи илмӣ- фарҳангӣ баргузор шуд, ки дар он аз рӯйи нимпайкараи Устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ парда бардошта шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

 

Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир Рухшона Эмомалӣ ба барнома ҳусни оғоз бахшида, ду профессори донишгоҳи SOAS сухан гуфта, нимпайкараи Рӯдакиро дар ҷамъи меҳмонон рӯнамоӣ намуданд.

 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор намуданд

Submitted by admin on Tue, 19/03/2024 - 08:28

18-уми марти соли равон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти мамлакат баргузор гардид.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Submitted by admin on Tue, 19/03/2024 - 08:20

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

 

Сарвари давлати мо дар ибтидои суҳбат Владимир Путинро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи президентии дар Федератсияи Русия доиргардида сидқан табрик гуфтанд.

 

Президенти Тоҷикистон ба Владимир Путин дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои нави рӯзафзун дар роҳи рушди босубот ва шукуфоии Русияи дӯст орзу намуданд.

 

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад

Submitted by admin on Fri, 15/03/2024 - 16:35

Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, рӯзномаҳои давлатӣ ва маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои банди 27-и ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмуни «Вассофи Ватан»-ро эълон менамояд.

 

ДУШАНБЕ БА ЯКЕ АЗ ШАҲРҲОИ САБЗТАРИНИ МИНТАҚА ТАБДИЛ ДОДА МЕШАВАД. Бардошт аз конфронси илмӣ-амалӣ дар пойтахти мамлакат

Submitted by admin on Fri, 15/03/2024 - 16:33

То соли 2037 Тоҷикистон ба мамлакати сабз ва пойтахти он –шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои сабзтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил дода мешавад. Чунин гуфта шуд дар конфронси илмӣ-амалии «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе», ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе баргузор гардид.

 

ПЕШВОИ МИЛЛАТИ НАВРӮЗ. Наврӯз чун ҷашни таҳаммулпазирию созандагӣ мардумро ба бунёдкорӣ даъват менамояд

Submitted by admin on Fri, 15/03/2024 - 16:29

Наврӯз ҷашни миллию мардумӣ ва таърихии мо аст, ки онро бо номи шоҳи Пешдодӣ Ҷамшед тавъам медонанд ва тибқи маълумот, ин ҷашн дар рӯзгори шоҳаншаҳии ӯ оғоз гардидааст. Мутмаин ҳастам, ки эҳёи ҷашни Наврӯз дар қарни бистуяк ва ҷаҳонӣ шудани он ҳамчун ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ном ва кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва миллати мо меросбари ҳақиқии ин ҷашн ва дар асл миллати Наврӯз аст. Бинобар ин, Пешвои миллати моро метавон Пешвои миллати Наврӯз ном бурд.