Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 18.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба, ҳамчунин, мавзуоти байналмилалӣ ва минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Президентҳо аз сатҳи имрӯзаи ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карданд.
Сарварони ду давлат ҳамдигарро бо фарорасии идҳои Наврӯз ва Иди саиди Фитр табрик намуданд.