Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Submitted by admin on Tue, 19/03/2024 - 08:20

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом доданд.

 

Сарвари давлати мо дар ибтидои суҳбат Владимир Путинро ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи президентии дар Федератсияи Русия доиргардида сидқан табрик гуфтанд.

 

Президенти Тоҷикистон ба Владимир Путин дар фаъолияти давлатиашон комёбиҳои нави рӯзафзун дар роҳи рушди босубот ва шукуфоии Русияи дӯст орзу намуданд.

 

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад

Submitted by admin on Fri, 15/03/2024 - 16:35

Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, рӯзномаҳои давлатӣ ва маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» бо мақсади иҷрои банди 27-и ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмуни «Вассофи Ватан»-ро эълон менамояд.

 

ДУШАНБЕ БА ЯКЕ АЗ ШАҲРҲОИ САБЗТАРИНИ МИНТАҚА ТАБДИЛ ДОДА МЕШАВАД. Бардошт аз конфронси илмӣ-амалӣ дар пойтахти мамлакат

Submitted by admin on Fri, 15/03/2024 - 16:33

То соли 2037 Тоҷикистон ба мамлакати сабз ва пойтахти он –шаҳри Душанбе ба яке аз шаҳрҳои сабзтарин дар минтақаи Осиёи Марказӣ табдил дода мешавад. Чунин гуфта шуд дар конфронси илмӣ-амалии «Нақши шаҳрҳо дар татбиқи ташаббусҳои сабз: таҷрибаи Душанбе», ки имрӯз дар пойтахти Тоҷикистон –шаҳри Душанбе баргузор гардид.

 

ПЕШВОИ МИЛЛАТИ НАВРӮЗ. Наврӯз чун ҷашни таҳаммулпазирию созандагӣ мардумро ба бунёдкорӣ даъват менамояд

Submitted by admin on Fri, 15/03/2024 - 16:29

Наврӯз ҷашни миллию мардумӣ ва таърихии мо аст, ки онро бо номи шоҳи Пешдодӣ Ҷамшед тавъам медонанд ва тибқи маълумот, ин ҷашн дар рӯзгори шоҳаншаҳии ӯ оғоз гардидааст. Мутмаин ҳастам, ки эҳёи ҷашни Наврӯз дар қарни бистуяк ва ҷаҳонӣ шудани он ҳамчун ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ном ва кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавъам аст ва миллати мо меросбари ҳақиқии ин ҷашн ва дар асл миллати Наврӯз аст. Бинобар ин, Пешвои миллати моро метавон Пешвои миллати Наврӯз ном бурд.