Президенти феълии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ Рустами Эмомалӣ ягона номзад дар интихоботи навбатии вазифаи раиси ин созмон аст. Дар ин бора сомонаи расмии CAFA хабар медиҳад

Submitted by admin on Mon, 24/04/2023 - 10:22

Рӯзи 2 май дар Душанбе Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад. Бинобар иттилои сомонаи расмии CAFA, тибқи моддаи 31-и Оинномаи созмон дар Конгресси ҳаштум интихоботи роҳбарияти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барои давраи чорсолаи нав (2023-2027) баргузор мешавад.
Дар Конгресс президент, ду ноиби президент, узви Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё, ки аз CAFA намояндагӣ мекунад, инчунин як узви Кумитаи иҷроияи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва як зан узви Кумитаи иҷроия интихоб хоҳанд шуд.

Дар шаҳри Душанбе «Дави дилхушӣ»-и Шӯрои олимпии Осиё баргузор гардид

Submitted by admin on Thu, 20/04/2023 - 10:15

Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон имрӯз дар боғи фарҳангӣ-фароғатии «Ҷавонон» «Дави дилхушӣ»-и Шӯрои олимпии Осиё дар масофаи 3 километр бо иштироки устодону донишҷӯёни Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов, Коллеҷи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ва мураббиёну варзишгарони муассисаҳои тайёрии варзишии ҷумҳуриявию шаҳрӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

ПАЁМИ ШОДБОШИИ Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати иди саиди Фитр

Submitted by admin on Thu, 20/04/2023 - 10:14

Ҳамватанони азиз!

Имрўз моҳи шарифи Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад.

Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегўям ва ба хонадони ҳар як фарди Ватан тандурустӣ, сулҳу сафо ва хайру баракат орзу менамоям.

Мо шукрона мекунем, ки ба шарофати истиқлолу озодии кишварамон иди саиди Фитр ва дигар ойину суннатҳои миллиамонро дар шароити сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ таҷлил менамоем.

Ҳамватанони мо иди саиди Фитрро ҳар сол бо амалҳои хайру савоб ва шодмониву хушҳолӣ истиқбол мегиранд.

Дар ИДМ ташкилоти заминавӣ оид ба тайёрӣ ва бозомӯзии мутахассисони рӯзноманигор пайдо мешавад

Submitted by admin on Thu, 20/04/2023 - 10:13

Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ташкилоти заминавии давлатҳои иштирокчии Иттиҳод оид ба тайерӣ ва бознигарии кадрҳои журналистӣ хоҳад буд. Чунин қарор дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, ки 14 апрели соли 2023 дар Самарқанд баргузор гардид, қабул карда шуд. Дар ин хусус Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад.