Дар Берлин ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо муаррифӣ шуд

Submitted by admin on Sat, 01/04/2023 - 10:17

28-29 март бо ибтикори муштараки Вазорати федеролии корҳои хориҷӣ ва Вазорати федеролии иқтисод ва ҳифзи иқлими Олмон конфронси байналмилалии сатҳи баланди «9-умин муколамаи Берлин-2023 оид ба гузариши энергетикӣ» баргузор гардид, ки дар он ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар самти пешгирии тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист ва пиряхҳо муаррифӣ карда шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд

Submitted by admin on Sat, 01/04/2023 - 10:13

31 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд.

Зимни машварат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба натиҷаҳои сафари корӣ дар як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят ва рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат андешаронӣ карда, вазъи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро таҳлилу баррасӣ намуданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани растаниро дар ҶДММ «Кони ганҷ» ифтитоҳ намуданд

Submitted by admin on Fri, 31/03/2023 - 18:22

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар вилояти Суғд дар ноҳияи Зафаробод Корхонаи коркарди пахта ва истеҳсоли равғани растаниро дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кони ганҷ” мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Корхонаи мазкур дар деҳоти Ҷомии ноҳия ҷойгир буда, дар масоҳати 2,9 га сохта шудааст. Ин коргоҳ аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Абдусамат Норматов бо ворид кардани дастгоҳу таҷҳизоти муосир таъсису бунёд ёфтааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Зафаробод хати оби полезиро ба истифода дода, ба кишти пунбадона оғоз бахшиданд

Submitted by admin on Fri, 31/03/2023 - 18:21

Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Зафаробод ташриф оварда, хати оби полезиро ифтитоҳ бахшиданд ва аз боғҳои нави интенсивию суперинтенсивӣ дар Кооперативи боғпарварии “Саховати Куруш” боздид намуданд.

Ҳамчунин дар Кооперативи тиҷоратии “Нур Темур” ба кишти пунбадона оғоз бахшида, аз намоиши тухмиҳои зироати кишоварзӣ боздид ба амал оварданд.