Дар шаҳри Бӯстон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид

Submitted by admin on Fri, 26/01/2024 - 13:56

26 январ дар шаҳри Бӯстони вилояти Суғд мулоқоти навбатии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

 

ҶУДО. Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи ҷаҳонии Гран-прии Португалия иштирок менамоянд

Submitted by admin on Fri, 26/01/2024 - 08:36

Пагоҳ дар шаҳри Одивеласи Португалия аввалин мавсими нави мусобиқаи ҷаҳонии Grand Prix Portugol 2024 оид ба намуди гӯштини ҷудо оғоз шуда, то 28 январ идома меёбад. Дар ин мусобиқа Тоҷикистонро 9 паҳлавон муаррифӣ менамоянд. Дар ин хусус шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар медиҳад.

 

Соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 90 миллиард сомониро ташкил дод

Submitted by admin on Fri, 26/01/2024 - 08:35

Соли 2023 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон ба зиёда аз 90 миллиард сомонӣ баробар гардид. Ин омор дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси васеи Ҳукумати мамлакат баён шуд.

 

Таъкид гардид, ки ҳаҷми содироти молу маҳсулот 25 миллиард сомониро ташкил дода, нисбат ба соли 2022 14,3 фоиз зиёд мебошад. Соли 2023 истеҳсол ва содироти маҳсулоти нимтайёр афзоиш ёфтааст.

 

29 январ дар Тоҷикистон нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо оғоз мешаванд

Submitted by admin on Thu, 25/01/2024 - 17:43

Шуруъ аз 29 январ вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2023 нишастҳои матбуотӣ баргузор менамоянд.

 

Нақшаи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ аз тарафи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуда, тибқи он нишастҳои матбуотӣ 29 январ оғоз гардида, 16 феврал ба анҷом мерасанд.