ҲИФЗИ ЁДГОРИҲОИ ТАЪРИХӢ. Онҳо таъриху тамаддуни куҳанбунёди миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ менамоянд

Submitted by admin on Wed, 13/12/2023 - 09:47

Ҳанӯз дар самти ҳифзи ёдгориҳои таърихӣ мушкилиҳо ба назар мерасанд. Бештари онҳо дар ноҳияҳо ҷойгиранд ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо барои ҳифзи ин мавзеъҳо бояд масъулият эҳсос намоянд, аммо на ҳамеша чунин аст. Аз беаҳамиятии онҳо баъзан замини ёдгориҳо барои сохтмон ё замини кишт истифода мешаванд. Ҳоло Вазорати фарҳанги мамлакат ёдгории таърихию фарҳангиро ба рӯйхат гирифтааст, аммо дар аксари шаҳру ноҳияҳо дар харитаҳои заминсозӣ ин ёдгориҳо ва мавзеъҳои муҳофизатии онҳо қайд нагардидаанд.

Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳайати рӯзноманигорони Тоҷикистон мулоқот доир шуд

Submitted by admin on Tue, 12/12/2023 - 19:48

Имрӯз дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо ҳайати рӯзноманигорони Тоҷикистон мулоқот доир гардид. Дар оғози мулоқот нахуст сурудҳои миллии ҳарду мамлакати дӯсту бародар садо доданд. Дар ин хусус мухбирони АМИТ «Ховар» хабар медиҳанд.

 

Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ мақсади ин ҳамоишро ҳамандешагӣ ва ҳамкорӣ байни намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ду давлати дӯст — Тоҷикистон ва Эрон унвон намуд.

 

Дар ҳошияи COP28 ташаббусҳои Тоҷикистон оид ба тағйирёбии иқлим баррасӣ шуданд

Submitted by admin on Tue, 12/12/2023 - 15:15

Тоҷикистон тавассути чорабиниҳо, аз қабили Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ба масъалаҳои об ва тағйирёбии иқлим авлавият додааст. Тавассути ин ташаббусҳо Тоҷикистон пешсафиии худро дар масъалаҳои экологӣ ва тағйирёбии иқлим нишон дод.

Мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид

Submitted by admin on Tue, 12/12/2023 - 12:51

12 декабри соли 2023 дар шаҳри Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон мулоқоти ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба муайянкунӣ ва аломатгузории сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.