Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қирғизистон

Опубликовано admin - чт, 30/07/2026 - 14:50

ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Вохӯрии ғайрирасмии машварати сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон сафар карданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идораҳо тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд

Опубликовано admin - чт, 30/07/2026 - 14:30

ДУШАНБЕ, 30.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо тағйироти кадрӣ амалӣ намуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якчанд воҳидҳои низомии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон афсарони соҳибтаҷриба ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин гардиданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии «Бозиҳои оянда» иштирок намуданд

Опубликовано admin - ср, 29/07/2026 - 18:17

ДУШАНБЕ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар шаҳри Остона дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии  “Бозиҳои оянда” иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки бозиҳои оянда рамзи давраи нав мебошад, ки дар он фарҳанги ҷисмонӣ ва технологияҳои пешрафтаи рақамӣ бо ҳам муттаҳид шудаанд.

Ин формати инноватсионӣ рӯҳияи замонро инъикос мекунад ва рушди варзишҳои анъанавиро бо имкониятҳои бепоёни зеҳнии фазои киберӣ муттаҳид месозад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд

Опубликовано admin - ср, 29/07/2026 - 17:35

ДУШАНБЕ, 29.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 июл, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар доираи иштирок дар маросими ифтитоҳи мусобиқаи байналмилалии «Бозиҳои оянда» дар Остона бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев мулоқот намуданд.

Дар рафти суҳбат сарони ду давлат вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстӣ, шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии миёни Тоҷикистон ва Қазоқистонро баррасӣ карданд.