Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Директори иҷрокунандаи Созмони амнияти соҳаҳои металлургия ва энергетикаи Ҷопон Ичиро Такаҳара мулоқот намуданд
ДУШАНБЕ, 19.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 19 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Токио бо Директори иҷрокунандаи Созмони амнияти соҳаҳои металлургия ва энергетикаи Ҷопон (JOGMEC) Ичиро Такаҳара мулоқот намуданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат иброз доштанд, ки мо ҳавасманди ҳамкорӣ бо Созмон барои амалисозии лоиҳаҳо дар бахшҳои энергетика ва истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ мебошем.