Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди Туркманистон шуданд

Опубликовано admin - чт, 11/12/2025 - 21:30

ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Ашқободи Туркманистон шуданд.

Дар саҳн ва толори фурудгоҳи байналмилалии Ашқобод Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон муҳтарам Гурбангули Бердимухамедов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок менамоянд.

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон

Опубликовано admin - чт, 11/12/2025 - 18:40

ДУШАНБЕ, 11.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 11 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод ба Туркманистон сафар карданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - вт, 09/12/2025 - 11:45

ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода дар маркази шаҳр бинои нави Раёсати минтақавии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар гурӯҳи ноҳияҳои водии Ҳисорро ифтитоҳ намуданд.

Бинои зебои навбунёд аз 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, ошхона, толори варзишӣ барои пешбурди ҳаёти солим, хонаҳои истиқоматии хизматии дуҳуҷрагӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҶДММ «Бозори Турсунзода»-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд

Опубликовано admin - вт, 09/12/2025 - 11:42

ДУШАНБЕ, 09.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 9 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода ҶДММ Бозори Турсунзодаро, ки иншооти калони дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ аст, ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.

Иншоот дар доираи корҳои ободонӣ ба истиқболи шоиста аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкорони ватанӣ сохта шудааст.

12 бино бо тарҳи милливу муосир ва 10 соябон дар масоҳати умумии 14 гектар замини бекорхобида ҷавобгӯй ба талаботи замон бунёд гардидааст.