Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар якчанд вазорату идора таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
ДУШАНБЕ, 17.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 17 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои барои таъин ба вазифаҳои ҳайати роҳбарӣ дар вазорату идораҳои соҳаҳои бонкдорӣ, маориф, илм, нақлиёт, энергетика, гумрук ва нафақа пешниҳодшударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибихтисос, донандагони забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотӣ-истеҳсолӣ муовинони роҳбарони вазорату идораҳои бахшҳои номбурда доир ба рақамикунонии истеҳсолот ва технологияи муосири рақамӣ таъин гардиданд.