«ИННОПРОМ-2023». Дар 13-умин Намоишгоҳи байналмилалии саноатӣ дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид
10 июл дар ҳошияи Намоишгоҳи 13-уми байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ-2023», ки дар шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Русия идома дорад, Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир дар ҳамоиш бахшида ба ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар соҳаи саноат иштирок намуд. Дар ин Намоишгоҳ гӯшаи саноатии Тоҷикистон ташкил гардида, дар он маҳсулоти ватании ба содирот нигаронидашуда ба намоиш гузошта шудааст. Иштирокдорони ин чорабинӣ дар гўшаи Тоҷикистон метавонанд бо имконияти саноатии ҷумҳурӣ шинос шаванд.