Аз 1 август тамоми хизматрасонии муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ пардохт мешавад

Submitted by admin on Tue, 18/07/2023 - 14:25

Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандони ҷумҳурӣ мерасонад, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ», ки 22 июни соли  равон ба тасвиб расид, аз 1 августи соли 2023 пардохти тамоми хизматрасонии муздноки давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад.

Ба доираҳои соҳибкории Чехия имконияти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ гардид

Submitted by admin on Tue, 18/07/2023 - 12:07

Ҳаҷми умумии сармоягузории Чехия ба иқтисодиёти Тоҷикистон беш аз 500 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки аз он беш аз 80 миллион сомонӣ сармояи мустақим мебошад. Чунин зикр шуд дар Форуми сармоягузорӣ ва саноатии Тоҷикистон ва Чехия, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе доир гардид.

Дар Ашқобод масъалаи рушди ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон баррасӣ гардид

Submitted by admin on Mon, 17/07/2023 - 10:20

15-16 сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба Туркманистон баргузор шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар доираи ин сафар Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Туркманистон ба ҳузур пазируфт.

Сироҷиддин Муҳриддин паёму таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Туркманистон муҳтарам Сардор Бердимуҳаммедов расонид.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд

Submitted by admin on Fri, 14/07/2023 - 15:16

14 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Сарвазири мамлакат муҳтарам Қоҳир Расулзода, аъзои Ҳукумати кишвар, муовини якуми роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президент оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва роҳбарони як қатор идораву муассисаҳои давлатӣ машварати корӣ доир намуданд.