Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Submitted by admin on Mon, 24/07/2023 - 12:55

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд. 

Сарвари давлати мо Президенти Ҷумҳурии Узбекистонро ба муносибати зодрӯзашон самимона табрик гуфта, ба муҳтарам Шавкат Мирзиёев сиҳатмандӣ, хушбахтӣ, некӯаҳволӣ ва комёбиҳои нави азим дар татбиқи нақшаҳои давлатиашон ба нафъи мардуми бародари Узбекистон орзӯ намуданд.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Варақаи матбуотӣ (26.07.2023)

Submitted by admin on Mon, 24/07/2023 - 10:41

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар нимсолаи аввали соли 2023 дар асоси талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, амру фармон ва дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23-декабри соли 2022 «Дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд

Submitted by admin on Fri, 21/07/2023 - 20:18

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Абдулло Ориповро, ки бо сафари корӣ ба Душанбе ташриф оварданд, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳолати кунунӣ ва дурнамои маҷмӯи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Узбекистонро мавриди муҳокима қарор дода, роҳҳои рушди минбаъдаи онҳоро баррасӣ намуданд.

Тоҷикистон ҷалби сармояи кишварҳои арабиро барои сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингард ҷиҳати баромадан ба бандарҳои баҳрӣ муҳим мешуморад

Submitted by admin on Fri, 21/07/2023 - 11:40

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши минтақавӣ, ки дирӯз бо иштироки роҳбарони кишварҳои арабии Халиҷ ва давлатҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Ҷиддаи Шоҳигарии Арабистони Саъудӣ баргузор гардид, изҳор намуданд, ки «Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва нақлиётиву коммуникатсионии дорои аҳамияти минтақавӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.