«АНДАЛЕБ-2023». Дар ноҳияи Ашт Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ ҷамъбаст гардид
Дар Муассисаи давлати вилоятии «Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Маҳмудҷон Воҳидов»-и ноҳияи Ашт даври якуми Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2023» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси ноҳия хабар медиҳад.