Ифротгароии иттилоотӣ ҳамчун таҳдиду хатари замони муосир

Submitted by admin on Thu, 03/08/2023 - 12:15

Даҳсолаҳои охир рушди бесобиқаи таблиғоти ифротгароӣ ва терроризм дар Интернет зиёд ба чашм мерасад. Мутаассифона, ҷаҳони муосир хатари ин падидаро ба таври комил арзёбӣ накарда, чунин мешуморад, ки ҳамлаҳои бевоситаи террористӣ (инфиҷор, оташзанӣ, гаравгонгирӣ, қатли мансабдорон ва ғайра) таҳдиди ҷиддӣ ба ҷомеа мебошад. Таъсири иттилоотии бунёдгароёнаро дар радифи дуюм қарор медиҳанд ва онро дуюмдараҷа мешуморанд, зеро он ба таври ноаён таъсир мерасонад, ҳамчунин, муайян кардани манбаи он номумкин аст.

МАРОТИБАИ АВВАЛ ДАР ДАВЛАТҲОИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ. Барномаи танзими Mozilla Firefox бо забони тоҷикӣ таҳия ва амалӣ гардид

Submitted by admin on Thu, 03/08/2023 - 11:08

Аз ҷониби мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи аввал дар давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи кор бо Интернет ва сомонаҳо, яъне браузери нав (ҷустуҷӯгари нав) – Барномаи танзими Mozilla Firefox бо забони тоҷикӣ таҳия ва амалӣ шуд, ки он дар шабакаи Интернет ҷой дода шудаву фаъол мебошад. Дар ин хусус Раиси Кумита Олимҷон Муҳаммадҷонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«ДУРДОНАҲОИ ТОҶИКИСТОН». Нашриёти «Ирфон» маълумотномаи библиографӣ ба нашр омода намудааст

Submitted by admin on Wed, 02/08/2023 - 12:15

Муассисаи нашриявии «Ирфон» бо мақсади ба таври васеъ муаррифӣ намудани осори адибони тоҷик ба насли имрӯзу фардо маълумотномаи библиографиеро таҳти унвони «Дурдонаҳои Тоҷикистон» дар ду ҷилд ба нашр омода намудааст. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи маркетинг ва менеҷменти нашриёти «Ирфон» хабар доданд.

Маълумотномаи мазкур дар бораи зиндагиномаи адибони тоҷик маълумоти тавсиявӣ пешниҳод менамояд. Инчунин дар он фаъолияти корӣ ва рӯйхати осор гирд оварда шудааст.