«БАРОИ ХИЗМАТ ДАР НАЗДИ ВАТАН». Ин мукофоти Сарвари давлат мояи ифтихори тамоми мардуми Тоҷикистон аст

Submitted by admin on Thu, 23/11/2023 - 08:37

21 ноябр хабари дар Қасри Кремл бо ордени «Барои хизмат дар назди Ватан» сарфароз гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки бо сафари расмӣ дар пойтахти Федератсияи Русия қарор доштанд, шунида, ҳисси ифтихор вуҷудамро фаро гирифт. Аз тоҷику тоҷикистонӣ буданам ифтихор кардам. Воқеан ҳам, мояи ифтихори мо, тоҷикистониён аст, ки Пешвои миллати моро ҳамчун сиёсатмадори барҷастаи ҷаҳонӣ эътироф менамоянд.

Оғози сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Беларус

Submitted by admin on Thu, 23/11/2023 - 08:36

22 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба Ҷумҳурии Беларус ташриф оварданд.

 

Дар Фурудгоҳи миллии Минск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Беларус ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

 

Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, афсарони Қаровули фахрӣ саф оростанд.

Cафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия анҷом ёфт

Submitted by admin on Thu, 23/11/2023 - 08:35

22 ноябр сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Федератсияи Русия анҷом ёфт.

 

Маросими гусели меҳмони олиқадр, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва баргузор гардид.

 

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҳукумати Федератсияи Русия гарму самимӣ гусел намуданд.

 

Идомаи музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Русия

Submitted by admin on Thu, 23/11/2023 - 08:33

Имрӯз, 22 ноябр дар чаҳорчӯби сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия дар шаҳри Москва мулоқотҳои сатҳи олии Тоҷикистон ва Русия идома ёфтанд.