Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакиро ифтитоҳ намуданд

Submitted by admin on Thu, 26/10/2023 - 15:07

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот бо назардошти талаботи замони муосир дар масоҳати умумии 7 садяк замин бунёд шудааст. Масоҳати худи бино бо назардошти иншооти ёрирасон 125 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл аз ноҳияи Рӯдакӣ мулоқот намуданд

Submitted by admin on Thu, 26/10/2023 - 15:06

26 октябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия бо зиёда аз 60 нафар ятимони кулл аз ноҳияи Рӯдакӣ мулоқот ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат нахуст аз ҳолу аҳволи ятимону ниёзмандон бохабар гардида, бо вазъи зиндагии онҳо аз наздик шинос мешаванд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ Боғи фарҳангию фароғатиро баъди таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд

Submitted by admin on Thu, 26/10/2023 - 15:05

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ Боғи фарҳангию фароғатиро баъди таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Боғ дар кӯчаи Ҷавонон бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо лоиҳаи муфассали банақшагирии ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳияи Рӯдакӣ шинос шуданд

Submitted by admin on Thu, 26/10/2023 - 15:05

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ бо лоиҳаи муфассали банақшагирии ҷамоатҳои шаҳраки Сомониён, Мирзо Турсунзода, Навобод, деҳоти Роҳатӣ ва Чортеппа шинос шуданд.

Зимни муаррифии лоиҳаҳо масъулон таъкид доштанд, ки дар асоси нақшаи генералӣ қисми аввали нақшаи муфассали банақшагирии шаҳраки Сомониён дар масоҳати 79,6 гектар барои зиёда аз 19 ҳазор нафар таҳия шудааст.