Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс Умар Кремлёвро ба ҳузур пазируфтанд

Submitted by admin on Thu, 26/10/2023 - 15:09

26 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёвро, ки бо сафари корӣ ба шаҳри Душанбе омадааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии бокс баррасӣ шуд.

Дар ҷараёни суҳбат доир ба мавқеи бокс дар ҷомеаи Тоҷикистон ва дурнамои рушди ин навъи варзиш дар давлати мо табодули афкор анҷом дода шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Сарҷамъ»-ро мавриди истифода қарор доданд

Submitted by admin on Thu, 26/10/2023 - 15:07

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Корхонаи истеҳсоли пойафзоли Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарҷамъ”-ро мавриди истифода қарор доданд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхона дар майдони 0,32 гектар аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Маҳмадюсуф Ятимов бунёд шуда, баъди ифтитоҳ 70 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакиро ифтитоҳ намуданд

Submitted by admin on Thu, 26/10/2023 - 15:07

26 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакиро мавриди истифода қарор доданд.

Иншоот бо назардошти талаботи замони муосир дар масоҳати умумии 7 садяк замин бунёд шудааст. Масоҳати худи бино бо назардошти иншооти ёрирасон 125 метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл аз ноҳияи Рӯдакӣ мулоқот намуданд

Submitted by admin on Thu, 26/10/2023 - 15:06

26 октябр дар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи фарҳангию фароғатии ноҳия бо зиёда аз 60 нафар ятимони кулл аз ноҳияи Рӯдакӣ мулоқот ва ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳар сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат нахуст аз ҳолу аҳволи ятимону ниёзмандон бохабар гардида, бо вазъи зиндагии онҳо аз наздик шинос мешаванд.