Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Submitted by admin on Sun, 29/10/2023 - 16:27

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам Қасим-Жомарт Кемелевич,

Хабари фоҷеабори ба ҳалокат расидани одамон бар асари садама дар кони ангишти вилояти Қарағандаи Қазоқистон боиси андӯҳи амиқи инҷониб гардид.

Мо ғамшарики ин талафоти ҷуброннопазир ҳастем.

НАХУСТИН ШОҲҶОИЗАИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Он насиби омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон Ҷаҳонгир Дадаҷонов гардид

Submitted by admin on Sat, 28/10/2023 - 19:01

Омӯзгори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, ҳамзамон ҷарроҳ дар Беморхонаи ҷумҳуриявии клиникии ноҳияи Данғара Ҷаҳонгир Дадаҷонов дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар номинатсияи «Ихтироъкорӣ ва навоварӣ» соҳиби Шоҳҷоиза гардид, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Дар Душанбе маросими тантанавии қадрдонии ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» оғоз гардид

Submitted by admin on Sat, 28/10/2023 - 14:54

Имрўз, 28 октябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ дар маросими  тантанавӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» ҷоизаҳо супорида мешаванд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар» Раънои Нусратулло аз макони баргузории ин чорабинӣ. 

Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Submitted by admin on Sat, 28/10/2023 - 11:51

27 октябр таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар кори маҷлис нахуст лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024” ва нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2025-2026 муҳокима гардид.