«ҶУҒРОФИЁИ ТАЪРИХӢ ВА ФАРҲАНГИИ «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оғоз меёбад

Submitted by admin on Fri, 13/10/2023 - 11:31

Имрӯз, 13 октябр, соати 10:00 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон зери унвони «Ҷуғрофиёи таърихӣ ва фарҳангии «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ» Конференсияи дуюми байналмилалӣ ба кор оғоз менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Пеш аз оғози конференсия аҳли илму адаб ва меҳмонон аз хориҷи мамлакат дар пояи муҷассамаи Абулқосим Фирдавсӣ гул гузошта, оид ба осор ва рӯзгори ӯ суҳбат намуданд.

Ҳадаф аз баргузории ҳамоиш дар сатҳи ҷаҳонӣ баррасӣ намудани бахшҳои ҷуғрофӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии таълифоти Фирдавсӣ аст.

«ТAJBUILD». Намоишгоҳе, ки 67 ширкати ватаниву хориҷиро дар шаҳри Душанбе ҷамъ овард

Submitted by admin on Fri, 13/10/2023 - 09:42

Имрӯз дар шаҳри  Душанбе бо иштироки 67 ширкати ватаниву хориҷӣ Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти сохтмонии «ТAJBUILD» ифтитоҳ гардид, ки он бо мақсади саҳмгузорӣ дар рушди  соҳаи сохтмону саноат ва тарғибу ташвиқи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда  шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Намоиш бо ташаббус ва роҳбарии Ассотсиатсияи ширкати «ТAJBUILD» ва дастгирии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, то 14 октябр идома меёбад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд

Submitted by admin on Fri, 13/10/2023 - 09:38

13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон сафар намуданд.

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи фалак ҷамъомади бошукуҳ баргузор шуд

Submitted by admin on Wed, 11/10/2023 - 16:52

Имрӯз бахшида ба Рӯзи фалак дар Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо иштироки устодони фалаксаро ҳамоиши бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад. 

Дар театри мазкур бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев барномаи консертии «Шоми фалак» дар иҷрои ансамбли «Фалак»- и ба номи Одина Ҳошимов пешкаши ҳозирин гардонида шуд.