Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ

Submitted by admin on Fri, 10/11/2023 - 17:11

10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти изтирории сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар намуданд.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор шуд

Submitted by admin on Fri, 10/11/2023 - 15:13

Имрӯз дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмию амалии «Илм ва таҳсилот: тамоюлҳои рушд дар ҷомеаи иттилоотӣ» бо иштироки меҳмонон аз дохил ва хориҷи мамлакат, ҳайати устодони собиқадор, омӯзгорону донишҷўён ва муҳаққиқин баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи миллӣ хабар медиҳад.

 

Қабл аз баргузории ҳамоиши байналмилалӣ меҳмонон бо намоиши дастовардҳои илмию таълимӣ ва эҷодии устодону кормандони донишгоҳ шинос шуданд.

 

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи милитсия дар қисми ҳарбии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ

Submitted by admin on Fri, 10/11/2023 - 15:11

Муҳтарам кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ!

 

Дар ибтидо ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои дохилӣ, собиқадорон ва ҳар яки шумо – ҳозирини гиромиро, ки дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузошта истодаед, ба ифтихори ҷашни касбиатон – Рӯзи кормандони милитсия самимона табрик мегӯям.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд

Submitted by admin on Fri, 10/11/2023 - 15:10

10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок ва суханронӣ намуданд.