Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи дуюми корхонаи қолинбофии ҶДММ «Қолинҳои Душанбе»-ро ба истифода доданд

Submitted by admin on Wed, 01/11/2023 - 15:33

31 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисои ноҳияи Шоҳмансур марҳилаи дуюми корхонаи қолинбофии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе»-ро ба истифода дода, бо намоиши маҳсулоти корхона шинос шуданд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Гулистони Душанбе”-ро баъд аз навсозӣ ифтитоҳ намуданд

Submitted by admin on Tue, 31/10/2023 - 12:19

Субҳи 31 октябр аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе ба хотири истиқболи сазовор аз ҷашни умумимиллии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва ҷиҳати амалисозии ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръати мамлакат 7 корхонаи калони саноатӣ бо беш аз 4000 ҷойи кор мавриди истифода қарор дода шуд.

Дар Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» доир гардид

Submitted by admin on Mon, 30/10/2023 - 18:32

29 октябр дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе бо иштироки роҳбарияти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикитон ва меҳмонону иштирокчиён маросими ҷамъбасти Ҷашнвораи ҳафтуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанг хабар медиҳад.

«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Имрӯз дар Душанбе даври ниҳоии озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад

Submitted by admin on Mon, 30/10/2023 - 12:31

Имрӯз дар шаҳри Душанбе даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад. Дар даври ҷумҳуриявии озмун 528 нафар иштирок намуда, ҳунару истеъдоди худро ба ҳакамон нишон медиҳанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.