Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шурои директорони СИТИС Груп Корпорейшн Лимитед (CITIC Group Corporation Ltd.) Си Гохуаро ба ҳузур пазируфтанд

Опубликовано admin - пн, 11/05/2026 - 21:19

ДУШАНБЕ, 11.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин Раиси Шурои директорони СИТИС Груп Корпорейшн Лимитед (CITIC Group Corporation Ltd.) Си Гохуаро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар рафти мулоқот масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузорӣ баррасӣ шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои Чин мулоқот намуданд

Опубликовано admin - пн, 11/05/2026 - 19:33

ДУШАНБЕ, 11.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 май дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону намояндагони як қатор ширкатҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин мулоқот намуданд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони мулоқотро ба фазои мусоиди иқтисодӣ, имкониятҳои фарох барои рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон, тамоюли бомароми тавсеаву таҳкими ҳамкории тиҷоративу сармоягузорӣ ва робитаҳои доираҳои соҳибкории ду кишвар ҷалб намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB) Зоу Ҷиайи мулоқот намуданд

Опубликовано admin - пн, 11/05/2026 - 17:06

ДУШАНБЕ, 11.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Пекин бо Президенти Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ (AIIB), хонум Зоу  Ҷиайи мулоқот намуданд.

Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои судбахш баррасӣ шуд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳми ин бонкро дар пешбурди лоиҳаҳои муҳими зерсохтории Тоҷикистон баланд арзёбӣ намуда, ба роҳбарияти он барои дастгирии пайваста аз раванди рушди устувори кишвари мо арзи сипос намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд

Опубликовано admin - пн, 11/05/2026 - 13:51

ДУШАНБЕ, 11.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари давлатӣ вориди шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардумии Чин шуданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Мардумии Чин самимӣ истиқбол гирифтанд.

Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.