Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон анҷом ёфт Июль 22, 2026 12:00

Опубликовано admin - ср, 22/07/2026 - 12:00

ДУШАНБЕ, 22.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 22 июл сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муғулистон, ки аз 20 то 22 июл ҷараён дошт, ба анҷом расид.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Осорхонаи миллии таърихии Муғулистон боздид намуданд

Опубликовано admin - вт, 21/07/2026 - 12:03

ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл дар доираи сафари давлатӣ ба Муғулистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Улан-Батор аз Осорхонаи миллии таърихии ин кишвар боздид намуданд.

Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки осорхонаи миллӣ 11 октябри соли 2022 дар маркази шаҳри Улан-Батор ифтитоҳ гардид.

Дар осорхона китобхонаи илмӣ бо 6000 ҷилд китоб мавҷуд аст.

Бинои осорхона нуҳошёна буда, дар ҳашт ошёнаи он толорҳои мавзӯӣ мавҷуд аст.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд

Опубликовано admin - вт, 21/07/2026 - 11:43

ДУШАНБЕ, 21.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 июл дар шаҳри Улан-Батор Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Муғулистон Ням-Осорин Учрал мулоқот намуданд.

Зимни мулоқот масоили рушду таҳкими ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.

“Мо ба таҳкиму густариши ҳамкории судманд бо Муғулистони дӯст таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем”, — изҳор доштанд дар оғози мулоқот Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Изҳороти муштарак дар бораи тавсеа ва рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон

Опубликовано admin - вт, 21/07/2026 - 11:40

21.07.2026, Муғулистон

Бо даъвати Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 20-22 июли соли 2026 бо сафари давлатӣ аз Муғулистон боздид ба амал овард.

Музокироти расмии сарони ду давлат (минбаъд — Тарафҳо) дар фазои дӯстона, самимӣ ва эътимоди мутақобил баргузор гардиданд.