Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба формулаи 1 дар рӯи об (F1H2O) иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 01.08.2026 /АМИТ «Ховар»/. 1 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон дар даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба формулаи 1 дар рӯи об (F1H2O), ки дар болои кӯли Иссиқкӯл ҷараён гирифт, иштирок намуданд.
Даври ниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба формулаи 1 дар рӯи об (F1H2O) бо ҳузури роҳбарони давлатҳои Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистону Узбекистон баргузор гардид.