Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушингро ифтитоҳ намуданд
ДУШАНБЕ, 24.10.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 октябр дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар маркази деҳаи Пушинг бинои нави Ҷамоати деҳоти Пушингро ба истифода доданд.
Бинои мазкур дуошёна буда, аз 10 ҳуҷраи корӣ ва як маҷлисгоҳ бо 90 ҷойи нишаст иборат мебошад. Иншоот дорои шароити мусоиди корӣ буда, ҷавобгӯ ба талаботи муосир сохта шудааст.