Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 26 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” Вазири неруи барқ ва оби Шоҳигарии Баҳрайн Ясир Иброҳим ибни Ҳумайдонро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқот масоили вобаста ба муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Баҳрайн ва мавзӯъҳои байналмилалию минтақавии мавриди таваҷҷуҳи муштарак баррасӣ шуд.
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 29.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар кори маҷлис нахуст натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2026 ва вазифаҳо барои то охири соли 2026 баррасӣ шуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи Махсуси Президенти ИМА дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро ба ҳузур пазируфтанд
ДУШАНБЕ, 28.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фиристодаи Махсуси Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Серҷио Горро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар ҷараёни суҳбат доираи васеи масъалаҳои вобаста ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ду ҷониб, аз ҷумла дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ ва амният мавриди баррасии ҷонибҳо қарор гирифт.