МО БОЯД БО ФАРҲАНГИ ХУД ДУНЁРО ТАСХИР НАМОЕМ. Андешаҳо дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи сарвароне ҳастанд, ки ба парлумон ва мардуми ҷумҳурӣ ҳамасола Паём пешниҳод менамоянд. Ин ҳам як таҷрибаи нодири давлатдории Президенти Тоҷикистон аст, ки аз вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ мардумро огоҳ ва нақшаҳои дурандешонаву ояндасозро пешниҳод менамоянд.