Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка Анура Кумара Диссанаяке барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Опубликовано admin - пн, 01/12/2025 - 17:02

ДУШАНБЕ, 01.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Демократии Сотсиалистии Шри-Ланка муҳтарам Анура Кумара Диссанаяке барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон бар асари боришоту обхезиҳои шадид дар кишвари дӯсти Шри-Ланка боиси андуҳи гарони мо гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Тайиланд Маҳа Вачиралонгкорн (Рама X) барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Опубликовано admin - пн, 01/12/2025 - 17:01

ДУШАНБЕ, 01.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳи Шоҳигарии Тайиланд муҳтарам Маҳа Вачиралонгкорн (Рама X) барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Волоҳазрат,

Хабари ба ҳалокат расидан ва осеб дидани шумораи зиёди одамон дар Шоҳигарии Тайиланд бар  асари боришоту обхезиҳои шадид дар кишвар боиси андӯҳи бепоёни инҷониб гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия Прабово Субианто барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Опубликовано admin - пн, 01/12/2025 - 17:00

ДУШАНБЕ, 01.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Индонезия муҳтарам Прабово Субианто барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Хабари талафоти ҷонӣ ва осеб дидани шумораи зиёди одамон дар  Ҷумҳурии Индонезия бар асари боришоти шадид ва ярчу обхезиҳои фалокатбор боиси андуҳи беандозаи мо гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ доир намуданд

Опубликовано admin - пн, 01/12/2025 - 11:18

ДУШАНБЕ, 01.12.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартиботи кишвар машварати корӣ доир намуданд.

Дар машварат вазъи кунунӣ дар сарҳади давлатии миёни Тоҷикистону Афғонистон ва роҳҳои тақвияти ҳифзи он баррасӣ шуд.

Тибқи гузориши масъулин, давоми ҳафтаи охир ду ҳодисаи тирандозӣ ба хоки Тоҷикистон аз он сӯйи сарҳад рух дод, ки дар натиҷа панҷ кас фавтида ва панҷ каси дигар захмӣ шуданд.