ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини якуми Ректори Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар ин мавзуъ

Submitted by admin on Mon, 13/11/2023 - 10:41

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи олам ҳамчун роҳбари ташаббускор ва нақшгузор дар ҳалли мушкилоти глобалӣ оид ба обу иқлим эътироф гардидаанд. Дар ибтидои асри XXI Пешвои тоҷикон яке аз аввалин роҳбароне мебошанд, ки ба баррасӣ ва ҳалли мушкилоти мамлакати худ ва ҳамчунин, инкишофи роҳи дурусти ташаккул барои ояндаи башарият таваҷҷуҳи хосса зоҳир намудаанд, ки дар арсаи ҷаҳон роҳбарони кишварҳои пешрафтаи олам ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ташаббусҳои Сарвари давлати моро хеле хуб истиқбол ва пуштибонӣ менамоянд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ иштирок намуданд

Submitted by admin on Sat, 11/11/2023 - 22:19

11 ноябр дар пойтахти Подшоҳии Арабистони Саудӣ – шаҳри Риёз Саммити муштараки изтирории арабию исломӣ баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Фонди рушди Саудӣ Султон Абдураҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд

Submitted by admin on Sat, 11/11/2023 - 18:13

11 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар шаҳри Риёз бо Раиси Фонди рушди Саудӣ Султон Абдураҳмон ал-Маршад мулоқот намуданд.

 

Аз вазъи кунунии ҳамкории судманд бо Фонди рушди Саудӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуда, зарурати идомаи он барои маблағгузории лоиҳаҳои муҳими иқтисоди Тоҷикистон таъкид гардид.

 

Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ

Submitted by admin on Fri, 10/11/2023 - 17:11

10 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар нишасти изтирории сарони давлатҳои узви Созмони ҳамкории исломӣ ба Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар намуданд.

 

Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.