Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои ҳалокшудагони садамаи нақлиётии шаҳри Кӯлоб изҳори ҳамдардии амиқ намуданд

Submitted by admin on Mon, 07/08/2023 - 11:09

Дирӯз бегоҳӣ дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ҳодисаи фоҷиабор – садамаи нақлиётӣ рух дод.

Автомашинаи боркаш бар асари нуқси техникӣ ба воситаҳои нақлиёти сабукрав ва ду манзили истиқоматӣ бархӯрд, ки дар натиҷаи ин ҳодиса 10 нафар ҷони худро аз даст дода, чандин нафари дигар захм бардоштанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хонаводаҳои ҳалокшудагон изҳори ҳамдардии амиқ ва ба захмиён шифои оҷил орзу намуданд.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрии Сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд

Submitted by admin on Fri, 04/08/2023 - 21:50

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 августи соли 2023 дар шаҳри Ашқобод дар Нишасти сарони давлатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон иштирок намуданд.

Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,  Сердар Бердимухамедов ва Шавкат Мирзиёев масъалаҳои вобаста ба таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, энергетика, обу экология, нақлиёт ва дигар соҳаҳои мавриди манфиати муштаракро баррасӣ намуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот намуданд

Submitted by admin on Fri, 04/08/2023 - 21:49

4 август дар Ашқобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба Туркманистон бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимухамедов мулоқот анҷом доданд.

Сарони давлатҳо маҷмуи масъалаҳои вобаста ба ҳамкории  дуҷонибаро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву башарӣ ва дигар арсаҳо ба баррасӣ гирифтанд. Ба иҷрои мувофиқаҳое, ки аз натиҷаи сафари давлатии Президенти Туркманистон дар моҳи майи соли 2023 ҳосил гардида буданд, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.