Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд

Submitted by admin on Mon, 15/05/2023 - 16:24

15 май суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов доир гардид.

Дар рафти суҳбат тамоми маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон, вазъи имрӯзаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов аз манзараҳои зебову нотакрори ноҳияи Варзоб боздид намуданд

Submitted by admin on Thu, 11/05/2023 - 17:35

11 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов дар доираи сафари давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мавзеи зебову нотакрори мамлакат дар ноҳияи Варзоб ташриф оварданд.

Сарони давлатҳо аз мавзеи Такоб боздид намуда, табиати зебо ва манзараҳои нотакрори ноҳияи Варзобро тамошо карданд.

Сайру гашти меҳмони олимақом дар фазои басо гарму самимӣ ва дӯстию бародарӣ ҷараён гирифт.

Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯйи натиҷаҳои мулоқоту музокирот бо Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов

Submitted by admin on Wed, 10/05/2023 - 20:53

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Мехоҳам бори дигар Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Гурбангулиевич Бердимуҳамедовро барои нахустин ташрифи давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан хайрамақдам гӯям.

Ин сафарро рӯйдоди баҳоят муҳими 30-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни ду давлат меҳисобам.

Мо ҳамин ҳоло Эъломия қабул намудем ва муносибатҳо байни давлатҳоямонро ба сатҳи ҳамкории амиқи стратегӣ баровардем.

Ин қарори таърихӣ ҷавобгӯи манфиатҳои халқҳоямон буда, яке аз омилҳои муҳими рушд ва оромӣ дар минтақа мебошад.

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ва нишасти матбуотии Сарони давлатҳои Тоҷикистону Туркманистон

Submitted by admin on Wed, 10/05/2023 - 20:48

Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов ба Эъломия оид ба таъмиқи шарикии стратегӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон имзо гузоштанд.

Сипас, дар назди Сарони давлатҳо 23 санади дигар: