ҶАШНИ ТИРГОН. Ба рўзи тиру маҳи тир азми шодӣ кун
Ҷашни Тиргон дар қатори Наврўзу Меҳргон ва Сада аз куҳантарин ҷашнҳои мардумони эронитабор ба шумор меравад. Ин ҷашн дар рўзи 13-уми моҳи тир, ки он рўзро низ тир меномиданд, баргузор мегашт. Чи тавре ки шоир Шамсии Фахрӣ навиштааст:
Ба рўзи тиру маҳи тир азми шодӣ кун,
Ки аз сипеҳр туро фатҳу нусрат омад тир.