Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиш баргузор шуд
14 март дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши бошукуҳи идона доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиши мазкур сафирони Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Ироқ, Ҳиндустон, Покистон, Туркманистон, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, намояндагони котибот ва сохторҳои мухталифи ЮНЕСКО, вазорату идораҳои Фаронса, дигар ташкилоти байналмилалии муқими ин давлат, доираҳои илмӣ-фарҳангӣ, инчунин тоҷикони муқими Фаронса ва дӯстони Тоҷикистон иштирок намуданд.