Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Tue, 24/01/2023 - 15:32

24 январ дар бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кори худ оғоз намуд.

ОБШАВИИ ПИРЯХҲО-МУШКИЛИ ҶАҲОНӢ. Пешниҳодҳо ва саҳми дурахшони Президенти Тоҷикистон дар масъалаи пешгирии маҳви пиряхҳои сайёра назаррас аст

Submitted by admin on Mon, 23/01/2023 - 14:04

Ташаббусҳои ҷаҳонӣ ва таъкидҳои доимии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи обу иклим, аз чумла доир ба масоили ҳифзи пиряхҳо ва манбаву сарчашмаҳои оби тоза дар тамоми ҷаҳон тарафдорон ва ҳамфикрони зиёде пайдо намуда, ҳалли ин мушкил ва  масъалаи муҳимро дар мадди аввали ҷомеаи башарӣ гузоштаанд. Чунин нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло дар матлаби хеш.

Аз таъсиси Радиои «Садои Душанбе» 24 сол пур шуд

Submitted by admin on Wed, 18/01/2023 - 16:26

Шукронаи Истиклоли давлатӣ, ки ба баракати он имрӯз дар фазои иттилоотии кишвар радиоҳои давлатию хусусии зиёде фаъолият мекунанд ва ҳар яке бо барномаҳои рангину ҷолиб ва бо сабки хоссаи баррасиву пешниҳоди ҳалли масоили мубрами рӯз, мухлисони худро пайдо намудаанд. Дар миёни ин радиоҳо Шабакаи мустақим ва сартосарии «Садои Душанбе» ҷойгоҳи хоссаеро соҳиб аст. Он 18-уми январи соли 1999 таъсис ёфта,ки имрӯз ҳамрозу ҳамнафаси шунавандаи худ аст.

Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон оид ба обу иқлим ба намояндагони беш аз 120 давлат муаррифӣ карда шуданд

Submitted by admin on Tue, 17/01/2023 - 16:06

Ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба обу иқлим дар нишасти онлайнии «Овози Ҷануби Ҷаҳонӣ»*, ки бо иштироки намояндагони беш аз 120 давлат баргузор гардид, муаррифӣ карда шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зист.

12 январ аз ҷониби Тоҷикистон Раиси Кумитаи мазкур Баҳодур Шерализода дар ҷаласаи нишасти вазирони ҳифзи муҳити зист таҳти унвони «Ба мувозинат овардани рушд бо муҳити зист-тарзи ҳаёти бехатар» ба таври маҷозӣ иштирок намуд.