БА МУНОСИБАТИ 30-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳувияти миллию ватандӯстӣ баландтарин арзиш барои миллати тоҷик аст
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» чун ҳамеша, фарогири рӯҳияи баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад. Таъкидҳо ва роҳнамоиҳои Президенти мамлакат, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карданашон ба тарбияи ватандӯстонаи мардуми тоҷик моро муваззаф месозад, ки дар ин радиф иқдом ва ташаббусҳои тозаро пеш гирем. Хусусан қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» аз 24 декабри соли 2022 метавонад дар ин ҷода роҳнамои мо бошад.