Тоҷикистон наҷотдиҳандагонро барои расонидани кумак ба мардуми зарардидаи Туркия мефиристад
Дар назар аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон 40 нафар наҷотдиҳандаро барои расонидани кумак ба мардуми зарардидаи Ҷумҳурии Туркия фиристонад. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хабарнигорон иттилоъ дода шуд.
Ин дар ҳолест, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки мақомоти дахлдори мамлакат баҳри бартарафсозии оқибатҳои заминларзаи харобиовару маргбор дар Ҷумҳурии Туркия кумак расонанд.