ФИЛМИ «ҶОМӢ ВА НАВОӢ». Нимаи дуюми соли равон банаворгирии он оғоз меёбад
Нимаи дуюми соли 2023 банаворгирии филми «Ҷомӣ ва Навоӣ» оғоз мегардад. Ин матлаб 17 феврал зимни мулоқоти маҷозии намояндагони Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ва Агентии миллии «Узбеккино» баён гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» иттилоъ доданд.
Дар мулоқот оид ба масъалаҳои ба итмом расонидани корҳои таҳрири филмнома, филмномаи коргардонӣ, тасдиқи хароҷоти филм, баргузор кардани интихоб ва оғози филм изҳори назар карда шуд.