Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд
28 декабр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи тантанавӣ бахшида ба иди касбии кормандони мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз ҳайати шахсии Кумитаи давлатии амнияти миллиро ба муносибати иди касбӣ шодбош гуфта, ба онҳо дар иҷрои вазифаҳои муҳиму пурмасъули ҳифзу таҳкими асосҳои сохти конститутсионӣ, тамомияти арзӣ, сулҳу субот ва амнияту оромии давлат ва миллати тоҷик барору комёбиҳо таманно намуданд.