Дар Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Submitted by admin on Wed, 28/02/2024 - 10:39

28 феврал дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 

Соли 2024 дар шаҳри Душанбе Соли маърифати экологӣ эълон шуд

Submitted by admin on Wed, 28/02/2024 - 10:37

Дар асоси қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ соли 2024 дар шаҳри Душанбе Соли маърифати экологӣ эълон гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

 

Ҳамзамон бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ташаббуси «900 рӯзи ободонӣ» амалӣ мешавад.

 

Мақсад аз он баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ, тозаю озода нигоҳ доштани муҳити зист, ҳифзи арзишҳои гуногуни экологӣ ва таъмини амнияти экологӣ мебошад.

САЙРИ ҶАҲОНИИ ҶУДО. Шаҳри Душанбе мизбони «Grand Slam» мегардад

Submitted by admin on Tue, 27/02/2024 - 18:14

Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе соли 2024 мизбони яке аз мусобиқаҳои Сайри ҷаҳонии ҷудо — «Grand Slam Dushsnbe» мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

 

Бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир дар ҳамоҳангӣ бо Федератсияи байналмилалии ҷудо шуруъ аз соли 2024 пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе мизбони яке аз мусобиқаҳои Сайри ҷаҳонии ҷудо «Grand Slam» мегардад.

 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ баргузор намуданд

Submitted by admin on Mon, 26/02/2024 - 14:50

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи амалии нақшаи чорабиниҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, инчунин дигар масъалаҳои ҳалталаб машварати корӣ доир намуданд.