28 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мешавад

Submitted by admin on Mon, 26/02/2024 - 12:12

28 феврал дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

 

Дар асоси қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъват намудани ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи Шуро 28 феврали соли 2024, соати 09:00 дар шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ҷавонони ватандӯсти Тоҷикистони муосир — самараи фаъолияти Мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Submitted by admin on Sat, 24/02/2024 - 18:34

Авзои мураккаби ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз аз ҳар мамлакати муосир талаб менамояд, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва таҳкими минбаъдаи Истиқлоли давлатӣ тадбирҳои нав ба нав амалӣ намояд. Дар ин қарина ҳар ҷумҳурии соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, ба захираи стратегии миллӣ, яъне насли ҷавони худ такя менамояд. Таҷриба ва таърихи мамолики пешқадами олам собит менамояд, ки дар сатҳи давлатӣ зоҳир намудани ғамхорӣ нисбат ба тарбияи ҷавонони масъулиятшинос ва ватандӯст сабаби таъмин гардидани ояндаи дурахшони ҳамватанон ва пойдор мондани Истиқлоли сиёсии дилхоҳ мамлакати дунё гардидааст.

Ба Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ лоиҳаҳои навсозии минбаъдаи пойтахт муаррифӣ гардиданд

Submitted by admin on Fri, 23/02/2024 - 18:54

Имрӯз ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ лоиҳаҳои навсозӣ ва ободонии минбаъдаи як қатор кӯчаю хиёбонҳо ва маҳаллаҳои пойтахт муаррифӣ гардид.

 

Эмомалӣ Раҳмон: «Раванди таъмини сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо беҳтарин шароиту имконият минбаъд низ идома меёбад»

Submitted by admin on Fri, 23/02/2024 - 14:20

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо изҳори нигаронӣ аз ҳолати имрӯзаи ҷаҳони муосир иброз намуданд, ки «вазъи ҷаҳон торафт мураккабу буҳронӣ гардида, раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ торафт шиддат мегирад.