Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум баргузор шуд

Submitted by admin on Tue, 12/03/2024 - 16:55

Имрӯз дар пойтахти мамлакат иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум бо роҳбарии Раиси маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид. 

 

Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаву муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, сардорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

 

Дар Душанбе 112-солагии таъсиси аввалин нашрияи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» ва Рӯзи матбуоти тоҷик бошукуҳ таҷлил шуд

Submitted by admin on Mon, 11/03/2024 - 17:43

11 март дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр мебошад. Имсол дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар толори «Кохи Суруш»-и пойтахт 112-солагии таъсиси аввалин нашрияи тоҷикӣ — «Бухорои шариф» ва Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.

 

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Орипов

Submitted by admin on Mon, 11/03/2024 - 17:36

11 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Абдулло Ориповро, ки барои иштирок дар нишасти навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ доир ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд

Submitted by admin on Mon, 11/03/2024 - 15:30

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба татбиқи амалии дастуру супоришҳо ва ҳидояту пешниҳодҳое, ки 9 март зимни мулоқоташон бо намояндагони фаъоли ҷомеа ва ходимони дин садо дода буданд, машварати корӣ доир намуданд.