Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шурои директорони Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфтанд
7 марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шурои директорони Бонки ҷаҳониро ба ҳузур пазируфтанд. Дар мулоқот масоили ҳамкории кунунӣ ва дурнамои робитаҳои Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи ҳамкории Тоҷикистону Бонки ҷаҳонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои гуногун дар мамлакати мо бо иштироки ин ниҳоди молиявӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.