Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳ таъйиноти кадрӣ ба амал оварданд
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳ таъйингардидаро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Бобозода аз вазифаи фармондеҳи Қӯшунҳои хушкигарди Ҷумҳурии Тоҷикистон озод шуда, ба ин вазифа Раҳмоналӣ Сафарализода таъйин гардид.