Эмомалӣ Раҳмон: «Раванди таъмини сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо беҳтарин шароиту имконият минбаъд низ идома меёбад»

Submitted by admin on Fri, 23/02/2024 - 14:20

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат бо изҳори нигаронӣ аз ҳолати имрӯзаи ҷаҳони муосир иброз намуданд, ки «вазъи ҷаҳон торафт мураккабу буҳронӣ гардида, раванди азнавтақсимкунии дунё, яроқнокшавии бошитоб, марҳалаи нави «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои муосир – терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ торафт шиддат мегирад.

Президенти Тоҷикистон: «Зиндагии орому осудаи мардуми мо ба қимати ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ҷоннисор ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст»

Submitted by admin on Fri, 23/02/2024 - 11:34

Хотирнишон менамоям, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мо дар давраҳои минбаъда низ борҳо бар зидди хоинону душманони миллати тоҷик далерона мубориза бурданд, аз имтиҳони ҷасорату мардонагӣ сарбаландона гузаштанд ва дар ин роҳ ҳазорон нафари онҳо ҷони худро қурбон карданд. Яъне зиндагии орому осудаи мардуми мо ба қимати ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони ватандӯсту ҷоннисор ва бонангу номуси халқи тоҷик ба даст омадааст.

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Submitted by admin on Thu, 22/02/2024 - 23:32

Муҳтарам генералҳо,

афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ!

 

Ҳамаи шуморо ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, самимона табрик мегӯям.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ордени «Дуслик»-и Ҷумҳурии Тотористон cарфароз гардонида шуданд

Submitted by admin on Thu, 22/02/2024 - 23:31

Дар шаҳри Қазон зимни як маросими бошукуҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов бо мукофоти олӣ — ордени “Дуслик” (Дӯстӣ) сарфароз гардонида шуданд.

 

Тибқи Фармони Раиси Ҷумҳурии Тотористон, ордени “Дуслик” ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми барҷастаашон дар рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Тотористон ва таҳкими дӯстию тафоҳум байни мардумон дода мешавад. Ордени “Дуслик” мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористон ба шумор меравад.