Изҳорот пас аз маросими сарфарозгардонӣ бо мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористон

Submitted by admin on Thu, 22/02/2024 - 23:31

Ташаккур, муҳтарам Рустам Нургалиевич.

 

Дӯстони азиз,

 

Ба Шумо, Рустам Нургалиевич, барои сарфарозгардонии ман бо Ордени «Дуслик» изҳори миннатдорӣ менамоям.

 

Ин мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористонро, пеш аз ҳама, ба мардуми кишварам мансуб медонам.

 

Мо минбаъд низ тамоми маҷмуи ҳамёрии Тоҷикистон ва Русияро, аз ҷумла дар сатҳи минтақавӣ фаъолона пеш мебарем.

 

Мо бо зиёда аз 83 субъекти федералии Русия робитаҳои фаъол дорем.

 

Мулоқоту музокироти Тоҷикистон ва Тотористон баргузор гардид

Submitted by admin on Thu, 22/02/2024 - 23:30

22 феврал дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия мулоқоту музокироти ҳайатҳои расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тотористон баргузор шуд.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози мулоқот ба Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Минниханов барои пазироии самимӣ изҳори сипос карда, ба сатҳи баргузории мусобиқаи байналмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда” баҳои баланд доданд.

 

Таъкид гардид, ки Федератсияи Русия шарики стратегӣ ва ҳампаймони Тоҷикистон буда, ҳамкорӣ дар сатҳи минтақаҳо ҷузъи муҳими муносибатҳои ду кишварро ташкил медиҳад.

ЭЪЛОНИ РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Пешниҳоди Рустами Эмомалиро 10 ҳазор сокини пойтахт бо баргузории роҳпаймоӣ ҷонибдорӣ намуданд

Submitted by admin on Thu, 22/02/2024 - 10:24

Бо иштироки қариб 10 ҳазор ҷавонону варзишгарон ва сокинони касбу кори гуногуни пойтахт ҷиҳати ҳамовозӣ ва ҷонибдории пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи Футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ вобаста ба эълони Рӯзи ҷаҳонии футбол тариқи қабули Қатъномаи махсус аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамоиш ва роҳпаймоӣ доир шуд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

 

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии «Бозиҳои оянда» иштирок намуданд

Submitted by admin on Thu, 22/02/2024 - 08:55

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин, дигар сарони давлатҳо ва меҳмонони сершумори воломақом дар шаҳри Қазон дар маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои байналмилалии омехтаи “Бозиҳои оянда”, ки дар маҷмааи намоишии “Казан ЭКСПО” аз 21 феврал то 3 марти соли равон баргузор мегарданд, иштирок намуданд.

 

Тавре иттилоъ дода шуд, иштирокдорони ин мусобиқаҳо, ки беш аз ду ҳазор нафар аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон мебошанд, аз рӯи 21 намуд бозиҳои ҷисмонӣ ва интеллектуалию маҷозӣ қувваозмоӣ хоҳанд намуд.